LIVE

Сири “Атлетико” ва “Барселона” дар гузариши Суарес ошкор шуд

“Атлетико”-и Мадрид ба “Барселона” барои ҳамлагар Луис Суарес 5 миллион евро пардохт карда будааст. Diario Sport бо ишора ба ҳуҷҷатҳои гузариши мазкур, клуб аз шаҳри Мадрид барои гузариш ба каталониҳо 5 миллион евро пардохт кардааст ва инчунин метавонад боз 6 миллион евро мукофотпулӣ пардохт кунад. Ҳамзамон, қаблан дар "Барселона" танҳо мукофотпулӣ гузориш дода мешуд. Эҳтимол меравад, ки нархи воқеии  ин трансфер ошкор карда нашудааст, зеро Суарес намехост аз "Барселона" равад ва амалҳои каталониҳо боис барон шуд, ки ҳамлагар дар пеши роҳбарияти клуб шарт монда буд, ки танҳо ройгон тарки даста мекунад.  Аммо, бошгоҳҳо бидуни огоҳии футболбози 34-сола 5 миллион евро дар ин гузариш ҳамроҳ кардаанд.  
Ҳамлагари уругвайӣ дар мавсими ҷорӣ дар 19 бозии Ла Лига 16 гол зада, дар сабқати нишонзанҳо пешсаф аст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар шартномаи Суарес банде мавҷуд аст, ки тибқи он ӯ метавонад “Атлетико”-ро ройгон тарк кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив