LIVE

Суарес ба хотири «Атлетико» пешниҳоди “Юве” -ро напазируфт

Эҳтимол меравад, ки ҳамлавари уругвайии «Барселона» - Луис Суарес  фаъолияти варзишиашро дар дастаи «Атлетико» идома диҳад. Mundo Deportivo хабар додааст, бозигари 33 солаи уругвайӣ пурра розӣ шудааст, ки бо дастаи шаҳри Мадрид қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонад. Суарес бояд ба дастаи “Ювентус” мегузашт, вале футболбоз ва "Барса" дар мавриди қатъи шартнома ба мувофиқа расида натавонистанд. Баъдан “Юве” аз харидории Суарес даст кашид. Луис Суарес аз соли 2014 то имрӯз шарафи бошгоҳи «Барселона»-ро ҳимоя мекунад. Дар ин фурсату фосила ҳамлавари уругвайӣ яке аз беҳтарин нишонзанҳо дар таърихи “Барселона” гаштааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив