LIVE

“Атлетико” дар гузариши Суарес ба “Ювентус” дахолат кард

Ҳамлагари “Барселона” Луис Суарес аз ҷониби тими дигари испанӣ “Атлетико” пешниҳод ҳамкорӣ гирифт. Бошгоҳи испанӣ омода аст, ки аз “Ювентус” дида, ба ҳамлагари уругвайӣ маоши бештар диҳад.  Аммо бо вуҷуди ин пешниҳод аз лиҳози молияӣ хубтар, эҳтимол меравад, ки Суарес  ба Турин меравад. Ягона мушкилот дар ин гузариш ин надонистани забони итолёвӣ шудааст, ки “Ювентус” мехоҳад футболбоз дар сатҳи муошират бо итолёвӣ ҳарф занад, зеро дар сурати натавонистан ӯ ба ҳайси легионер ба қайд гирифта мешавад, ки он вақт маҳдудиятҳо барои роҳ ёфтан ба ҳайати асосӣ пайдо хоҳад шуд. Аз ин рӯ имкони идомаи фаъолияти варзишӣ дар Испания низ аз ҷониби Суарес мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив