LIVE

Манъи Лигаи Чемпионҳо ва Ла Лига ба суди "Барселона" аст

Ҳамлавари уругвайии бошгоҳи «Барселона» - Луис Суарес баъд аз ҷарроҳӣ дар марҳилаи барқароршавӣ қарор дорад. Тибқи хабаргузории сомонаи расмии AS эҳтимол аст, ки Луис Суарес охирҳои моҳи апрел ба ҳайати асосии “Барса” баргардад. Моҳи январ Суарес бар сари ҷароҳати бардоштааш ҷарроҳӣ шуда буд. Қаблан хабар дода мешуд, ки муҳлати табобати пурраи Луис на камтар аз як моҳро дарбар мегирад. Эҳтимол меравад, ки Луис то бозиҳои марҳилаи ½ ниҳоии ЛЧ ба майдон бармегардад.
Дар мавсими ҷорӣ Суарес дар 17 бозии “Барса” иштирок намуда, ба задани 11 тӯб даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив