LIVE

Луис Суарес аз имтиҳон гузашт

Луис Суарес ҳамлагари уругвайии “Барселона”имтиҳони забони итолиёвиро бо муваффақият супоридааст. Тибқи иттилои манбаъ, футболбоз баҳои B1 гирифтааст, ки маънои миёнаи дониши забонро дорад. Ин маънои онро дорад, ки ӯ муошират карда метавонад. Ҳамин тариқ, ҳамлагар метавонад ба зудӣ ба “Ювентус”-и Италия гузарад. Ёдовар мешавем, ки сармураббии “Барселона” Роналд Куман ба Суарес умед надорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив