LIVE

Адвокати Суарес: Ояндаи Луис аз Месси вобаста аст

Ҳуқуқшинос Алехандро Балби, ки манфиати ҳамлагари уругвайии “Барселона” Луис Суаресро ҳимоя мекунад, назари худро дар бораи ояндаи ҳамлагар дар клуби каталонӣ нақл кард.
«Албатта, ба ояндаи Луис дар “Барселона” рафтан ё боқӣ мондани Месси таъсир мерсонад. Онҳо дӯстони беҳтарин дар майдон ва берун аз он мебошанд. Онҳо ҳамеша якҷоя ҳастанд ва якдигарро ҳамчун бародар самимона дӯст медоранд. 
Пешниҳоде барои Суарес ҳаст?
 Табиист, ки ӯ яке аз беҳтарин ҳамлагарон дар футболи ҷаҳон аст. Инчунин бояд дар назар дошт, ки қарори эҳтимолии “Барселона” на танҳо ба фаъолияти варзишии Суарес рабт дорад. Якбора рафтан барои Луис осон нахоҳад буд, зеро оилаи ӯ дар “Барселона” зиндагӣ мекунад. Ва онҳо ин мушкилро якҷоя бо оилаашон ҳал хоҳанд кард», - иқроршудааст Балби дар мусоҳиба бо TyC Sports.
Пештар маълум шуд, ки сармураббии нави “Барселона” Роналд Куман ба Суарес занг зада, иқрор шудааст, ки ба ӯ эҳтиёҷ надорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив