LIVE

“Барселона” Суаресро муҷозот мекунад

Бино ба иттилои ESPN, ҳамлагари 33-солаи уругвайи “Барселона” Луис Суарес бо сабаби муноқишаи шадид бо роҳбарияти дастааш имкон дорад, ки то охири мавсим дар “Барса” бимонад, аммо ба майдон намебарояд. 
Агар созиш байни Суарес ва “Барселона” ба даст наояд, клуб омодааст, ки Суаресро то охири муҳлати шартномааш дар ҳайати худ нигоҳ дорад, вале Роналд Куман аз хизматрасонии ӯ истифода бурда наметавонад. Дар ин ҳолат, ба футболбоз мувофиқи шартномаи амалкунанда маблағи пурраи маош дода мешавад, вале Суарес рӯи майдонро дар бозиҳо нахоҳад дид. 
“Ювентус” ҳанузам интизори Суарес аст, аммо ин гузариш ба Турин умедворкунанда нест.
Дар аввали моҳи ҷорӣ манобеъи мухталиф гузориш доданд, ки Суарес барои пайвастан ба ҳайати қаҳрамони бисёркардаи Италия  розӣ шудааст, аммо Суарес бо баҳони ҳали баъзе ҷузъиёти шартнома бо бошгоҳи каталонӣ корро кашол медиҳад.  
Илова бар ҳалли вазъи шартномавӣ, Суарес ҳанӯз ҳам бояд аз имтиҳони забонӣ барои дарёфти шаҳрвандии Италия гузарад, дар ҳоле ки Юве инчунин якчанд имконоти дигарро барои ҷалби ҳамлагар дар даст дорад.  Туриниҳо дар хати ҳуҷуми хеш  ҳамдастаи мувофиқ барои Криштиану Роналду пайдо кардан мехоҳанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив