LIVE

Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 муайян шуданд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур хоҳанд буд.

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур имрӯз, 24 феврал қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 баргузор шуд. Дар натича шаш гурух иборат аз чор даста ташкил карда шуд. Бозиҳои гурӯҳи мо дар шакли мутамарказ дар як давр - рӯзҳои 8, 11 ва 14 июн дар Бишкек баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 11 даста – шаш ғолиби гурӯҳ, инчунин панҷ даста, ки бо натиҷаи беҳтарин ҷойҳои дувумро гирифтанд, роҳ меёбанд.


Натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023:

Гурӯҳи "А”: Урдун, Кувайт (мизбон), Индонезия, Непал.

Гурӯҳи «В»: Фаластин, Филиппин, Яман, Муғулистон (мизбон).

Гурӯҳи "C": Ӯзбекистон (мизбон), Тайланд, Малдив, Шри-Ланка.

Гурӯҳи "D": Ҳиндустон (мизбон), Ҳонконг, Афғонистон, Камбоҷа.

Гурӯҳи «Е»: Баҳрайн, Туркманистон, Малайзия (мизбон), Бангладеш.

Гурӯҳи F: Қирғизистон (мизбон), ТОҶИКИСТОН, Мянмар, Сингапур.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив