Марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуруъ гардид. Марҳилаи дуюми Чемпионати мамлакат мисли даври ҳафтуми марҳилаи якум аз бозии баргашти дастаҳо таркиб ёфт. Ба ҳамин тартиб дар бозиҳои даври ҳаштум 14 ҳазору 400 тамошобин ба варзишгоҳҳо омад, ки ин нишондод дар зинаи ҳафтум меистад. 13 маротиба тӯб вориди дарвозаҳо гардид. Доварон ба футболбозон 20 корти зард ва як корти сурх нишон доданд. Бозиҳои даври 9-ум 15-уми июн баргузор хоҳанд шуд.