LIVE

Яке аз серҷоизатарин дастаи футболи кишвар дар бӯҳрон қарор дорад

Дастаи “Регар ТадАЗ”- чемпиони ҳафткараи футболи Тоҷикистон солҳои охир ба мушкилоти молявӣ рӯ ба рӯ гардида, наметавонад ба мисли солҳои пешин ба дастовардҳои назаррас ноил шавад. Мушкилиҳои пайвастаи  дастаро бисёриҳо аз вазъи начандони хуби ширкати алюмении тоҷик, ки сарпарастии асосии бошгоҳи “Регар ТадАЗ” мебошад, рабт медонанд.  Сармураббии даста Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев баъди бозии даври 8-уми Лигаи олӣ миёни дастаҳои “Регар ТадАЗ” ва КМВА “Помир”  (1:1) аз вазъи ногувори бошгоҳ изҳори нигарони кард. 
“Ҳоло вақте расидааст, ки бо роҳбарият ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати молявӣ мулоқот анҷом диҳем. Футболбозон аз панҷ моҳи фаъолият дар ин тим танҳо як моҳ музди моҳонаи худро гирифтаанду халос. Вале ба ин нигоҳ накарда, бозиҳои худро дар чемпионати дохилӣ паси сар карда истодаем. Агар шароит дар даста хубтар гардад, умедворам “Регар ТадАЗ” ба ҳолати қаблиаш бармегардад.” 
Ёдовар мешавем, ки намояндагони шаҳри Турсунзода  охирин маротиба соли 2008 дар чемпионати Тоҷикистон ғолибият ба даст оварда буданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив