LIVE

Ферран Торрес бозигари ҷадиди "Барса"

«Барселона» ва «Манчестер Сити» дар мавриди гузариши футболбози ҷавон  Ферран Торрес ба тафоҳум расиданд.  Ба иттилои манбаъ намояндагони каталониҳо ва «шаҳариҳо» барои баррасии интиқоли нимҳимоятгар мулоқот карданд.  Тарафҳо дар бораи маблағи 55 миллион евро ва илова бар 10 миллион евро ҳамчун бонус ба мувофиқа расиданд.  Аммо, барои гузариш ба "Барса" мувофиқи қонунҳои Испания, бояд музди маошро аз ҳисоби дигар бозигаронаш кам кунад.   Ферран Торрес аз моҳи августи соли 2020 дар ҳайати «Манчестер Сити» бозӣ мекунад ва ба маблағи 28 миллион евро аз «Валенсия» гузашт.Дар мавсими имсола футболбози испанӣ дар чор бозии Премйер-Лигаи Англия ду гол задааст.  Шартномаи ин бозигар соли 2025 ба охир мерасад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив