LIVE

Ҳамадонӣ Камолов бо Суарес бозӣ мекунад?

Ҳамадонӣ Камолов ҳунарнамоияшро дар бошгоҳи "Райо Махадаонда", ки дар Сегунда Б-и Испания аст, идома дода истодааст. Ҳамадонӣ бо пироҳанҳои ин бошгоҳ ба задани гол низ даст ёфтааст. Қайд кардан зарур аст, ки дар даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Испания дастаи Ҳамадонӣ бо "Атлетико Мадрид" рақобат мекунад. Ин вохӯрӣ 7-уми январ баргузор мегардад. Агар Ҳамадонӣ дар ҳамин сатҳ худашро нишон додан бигирад, шояд дар муқобили бозигарони чун Суарес, Феликс, Облак ва дигарон ба майдон барояд. Ҳамадонӣ ба ин бошгоҳ 6-уми апрели соли 2021 пайваста буд ва шартномааш то 30 июни соли 2022 эътибор дорад. Портали Трансфермаркт Ҳамадониро 100 ҳазор евро баҳо медиҳад. Дар ҳайати мунтахаби ҷавонони кишвар низ Ҳамадонӣ 3 бозӣ гузаронидааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив