LIVE

 Футболбозони мо омодагиҳоро ба бозӣ муқобили Испания анҷом доданд

Имшаб футболбозони то 17 солаи кишвар дар чемпионати ҷаҳон бозии дуюми худро доир мекунанд. Пеш аз бозӣ шогирдони Зайниддин Раҳимов дар шаҳри Витория тамрини охирини худро барпо карданд. Ҳайати мунтахаби наврасони футболи тоҷик 30-юми октябр машқи охирини хешро пеш аз бозии даври дуюми гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон муқобили Испания доир карданд. Тамрини мазкур мисли тамрини охирини пеш аз бозии Камерун дар майдони “Campo Da Estiva”-и Витория сурат гирифт ва он якуним соат давом кард. Чӣ тавре шумо аз гузориши қаблӣ маълумот доред ҳамлагар Рустам Соиров ва ниммуҳофизатгар Ҳамадонӣ Камолов машқҳои дирӯзаро ба охир расонида натавониста буданд. Аммо имрӯз аз аввал то ба охир ин ду футболбоз дар тамрин иштирок карданд. Мушкилии асосие, ки мураббиён дар остонаи бозӣ бо Испания ба он рӯ ба рӯ шудаанд ин бо кӣ иваз кардани ниммуҳофизатгар Шуҳрат Элмуродов буд. Ҳарчанд вариантҳои гуногуни иваз кардани ӯ ҳастанд вале дар ин бора қарори ниҳоӣ пеш аз эълон кардани ҳайати асосӣ бароварда мешавад. Дар ҷараёни тамрини охирини худ футболбозони мо роҳҳои гуногуни муқобилият нишон додан ба ҳамлаҳои рақиб, мавқеиятҳои озод боқӣ нагузоштан дар нимаи майдони худ ва ташкил кардани аксулҳуҷумҳоро кор карданд. Футболбозони тоҷик дар бозии даври дуюм бо ҳамтоёни испании худ рӯ ба рӯ мешаванд. Бозӣ бо вақти Душанбе соати 01:00 якуми ноябр оғоз мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив