LIVE

Баъд аз 12 соати ғалаба футболбозони мо боз ба майдон баргаштанд

Субҳи 29-уми октябр ҳайати тими миллии наврасони футболи кишвар тамрини навбатии худро доир карданд. Ин нахустин тамрини бозигарони мо пас аз ғалаба бар муқобили Камерун буд, ки ҳамагӣ баъд аз 12 соати бозӣ бачаҳои мо дигарбора ба майдон баргаштанд. 
Тамрини рӯзи 29-юми октябрро футболбозони мо дар маҷмааи варзишии “Синдипол”-и Витория, ки маркази машқу истироҳати кормандони пулиси иёлоти Эспириту-Сантуи Бразилия аст, барпо карданд. Аз оғози машқҳо дар Витория ин сеюмин майдонест, ки аз ҷониби кумитаи тадорукот барои тайёрӣ ба бозиҳо пешниҳоди футболбозони тоҷик мешавад. Одатан як рӯз баъд аз бозӣ дастаҳо машқҳои барқароршавиро мегузаронанд, ки он тақрибан як соат тӯл мекашад.
Дар ҷараёни тамрин аз ибтидо ҳамаи футболбозон иштирок карданд. Вале бо гузора шудани чанд дақиқа ниммуҳофизатгар Ҳамадонӣ Камолов ва ҳамлагар Рустам Соиров натавонистанд дар ҳайати умумӣ машқҳоро ба охир расонанд. Хушбахтона осеби доштаи ин ду футболбози меҳварии миллипӯшони навраси кишвар боиси нигаронии ҷиддӣ нест.
Тамрини имрӯза дар баробари бештар хусусияти барқароршавиро доштан инчунин нахустин тайёрӣ ба бозӣ бо Испания буд. Футболбозони мо азмро ҷазм карда баҳри иҷрои вазифаҳои дар назди тим гузошташуда талоши худро идома медиҳанд. 
Таҳияи Парвизи Маҳмадамин

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив