LIVE

Дастаи «Сарҳадчӣ» ба Лигаи якум роҳхат гирифт

Дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар рақобатҳо барои ишғоли зинаҳои ифтихории Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми  вилояти Хатлон баргузор гардид. Дастаи “Ҷиликул”-и ноҳияи Дӯстӣ дар доираи даври ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон бо тими "Сарҳадчӣ"-и ноҳияи Ҳамадонӣ рақобат намуд. Вохӯрӣ бо ғалабаи дастаи “Сарҳадчӣ” хотима ёфт. Қисми асосии бозӣ бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид ва ғолиб аз рӯи зарбаҳои пеналтӣ муайян гардид. Дар натиҷа, бозингарони дастаи “Сарҳадчӣ” бо ҳисоби 4:3 зафар ёфтанд. Барои зинаи сеюм дастаҳои “Арал”-и ноҳияи А. Ҷомӣ бо тими “Андароб”-и шаҳри Кӯлоб дидор анҷом дод, ки бозингарони “Арал” бо ҳисоби 4:1 зафар ёфта, соҳиби зинаи сеюми Лигаи дуюм гардиданд. Бо ҳамин, дастаи «Арал»-и ноҳияи А. Ҷомӣ бо Ҷом ва медалҳои биринҷӣ қадрдонӣ карда шуд. Дастаи «Ҷиликул»-и ноҳияи Дӯстӣ бошад, бо Ҷом ва медалҳои нуқра сарфароз гардонида шуданд. Дастаи «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ, ки барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон дар соли 2021 гардиданд, бо Ҷом ва медалҳои тилло сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, тими «Сарҳадчӣ» дар соли 2022 дар Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якум ҳунарнамоӣ намуда, шарафи футболи вилояти Хатлонро намояндагӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив