LIVE

Ғалабаи "Арал", "Дӯстӣ" ва "Ҷиликул" дар даври 3-юм

Дар минтақаи Бохтар бозиҳои даври 3-юми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм дар вилояти Хатлон баргузор гардиданд. Дастаи “Арал”-и ноҳияи А. Ҷомӣ дар доираи даври сеюм дар майдони худ бо  дастаи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён рақобат намуд, ки дидори дастаҳо бо ҳисоби 4:2 бар суди дастаи "Арал"  хотима ёфт. Дастаи “Бешкент”-и ноҳияи Н. Хусрав дар ин давр бо тими “Дӯстӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ анҷом дод, ки  дар натиҷа бозингарони дастаи "Дӯстӣ"  бо ҳисоби 2:0 зафар ёфтанд.  Дар даври сеюми Лигаи дуюм дастаи "Ҷиликул"-и ноҳияи Дӯстӣ дар майдони худ дастаи "Хуросон"-и ноҳияи Хуросонро истиқбол намуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Дӯстӣ доир гардид, ки мизбонон бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардиданд. Чемпионати Тоҷикистон.
Минтақаи Бохтар Лигаи дуюм.
1. «Арал» - «Кӯшон» 4:2
2. «Бешкент» - «Дӯстӣ» 0:2
3. «Ҷиликул» - «Хуросон»  2:0

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив