LIVE

Пирӯзии “Арал” ва “Барқ” дар Лигаи дуюм

22 июли соли 2020 се бозии даври 2-юми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм дар вилояти Хатлон  баргузор гардиданд. 
Бозии марказии даври 2-юми Лигаи дуюм миёни дастаҳои "Вахши зарнисор"-и ноҳияи Вахш ва "Дӯстӣ"-и ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Вахш доир гардид, ки меҳмонон бо ҳисоби 2:2 мусовӣ хотима ёфт.
Дастаҳои “Бешкент” ва “Арал” дар яке аз бозиҳои даври дуюми Лигаи 2-юм рақобат намуданд. Бозӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Носири Хусрав сурат гирифта, бо ғалабаи дастаи “Арал” ба анҷом расид. Бозии тимҳои мазкур бо ҳисоби 4:3 ҷамъбаст шуд.
Ҳамчунин, дар ин давр дастаҳои “Шоҳин”-и ноҳияи Муъминобод ва “Барқ”-и шаҳри Норак бо ҳам майдондорӣ намуданд. Набарди тимҳо бо ҳисоби 4:0 ба суди меҳмонон хотима ёфт.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон хабар медиҳад. 
Натиҷаи бозиҳои даври 2-юм
1. «Вахши занисор» 2:2 «Дӯстӣ» 
2. «Бешкент» 3:4 «Арал»   
3. «Шоҳин» 0:4 «Барқ» 

4. «Сарҳадчӣ» 6:1 «Мунк» 
5. «Терай» 0:4 «Сомон» 
6. «Сарбанд» 1:3 «Чашма» 
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив