LIVE

Аввалин ғалабаи "Терай" дар Лигаи дуюми вилояти Хатлон

Бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон баргузор гардиданд.
Дастаи “Мунк”-и ноҳияи Ховалинг дар доираи ин давр бо дастаи "Терай"-и ноҳияи  Шамсиддин Шоҳин рақобат намуд, ки бозӣ бо ҳисоби 1:2 ба суди меҳмонон ба анҷом расид.
Бозии дигари даври 3-юми мусобиқот, ин миёни дастаҳои «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва «Пахтакор»-и ноҳияи Қубодиён баргузор гардид, ки бозӣ бо ҳисоби 0:0 мусовӣ хотима ёфт. 
Дар даври 3-юм дастаи "Дӯстӣ"-и ноҳияи Ҷайҳун тими “Бешкент”-и ноҳияи Носири Хусравро дучори бохт намуд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи ноҳияи Ҷайҳун доир гашта, бо ҳисоби 3:1 ба суди соҳибони майдон ҷамъбаст гардид.
Даври 3-юм, 28 июли соли 2020
1. “Мунк” - “Терай” 1:2
2. “Арал” - “Пахтакор”  0:0
3. “Дӯстӣ” - “Бешкент”  3:1
Дар ин бора Хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив