LIVE

КОНМЕБОЛ Мессиро се моҳ аз футбол маҳрум кард

Конфедератсияи футболи Амрикои Ҷанубӣ (КОНМЕБОЛ) ҳамлавари бошгоҳи “Барселона” ва яккачини Аргентина – Лео Мессиро ба муҳлати се моҳ аз ҳаққӣ ширкат дар тими мунтахабаш маҳрум намуд. Нобиғаи 32 солаи аргентинӣ то моҳи ноябр дар тими мунтахабаш на дар бозиҳои дӯстона ва на дар бозиҳои расмӣ ширкат карда метавонад. Инчунин ин ташкилот Мессии дастонро бо маблағи 50 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима намудааст. Ёдовар мешавем, ки Месси баъди бозӣ бо тими миллии Чили (2:1) ба маросими ҷоизасупорӣ ҳозир нашуд ва кори доваронро дар ин мусобиқа ноадолатона хонда, аз болои онҳо ба КОНМЕБОЛ шикоят бурдааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив