LIVE

Рустами Эмомалӣ CAFA-2019-ро тавсиф кард

Президенти Чемпионати кишварҳои узви Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ (Сеntral Asian Football Association) Рустами Эмомалӣ ба сифати як корбурди фаъоли футбол ва ҳам шахсияти муътабар дар ҳамин ришта, миннатпазирии худро ба Кумитаи тадорукоти Чемпионати CAFA-2019 миёни наврасони то 16 сола баҳри ифои вазифаи бардӯшдошта ва анҷом додани масъулияти хеш дар дараҷаи аъло баён кард.
«Аз номи Чемпионати кишварҳои узви Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ (Сеntral Asian Football Association) ва шахсан аз номи худам ба Кумитаи тадорукот ва худихтиёрон миннатдории бепоёни хешро иброз медорам. Мусобиқоти мазкур, ки дар кишвари мо баргузор ва ҷамъбаст шуд, мебояд иқрор омад, ки дар сатҳу сифати олӣ роҳандозӣ шуда, бо ҳамин маром хотима ёфт. Давоми маъракаи мазкур як қатор бозиҳои диданиву ҷаззоб сурат гирифтанд, ки то минбаъд дар хотироти мухлисон нақш хоҳад баст. Ҳамин тариқ ғолиб ё дастболои ин маърака дар охирин дидори ин мусобиқот аз худ дарак дод. Бо ҳамин далелу дастаки кофӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистонро барои нишонҳои зарринашон метавон сидқану самимӣ таҳният гуфт, чаро ки ҳама ҳайати ин дастаи муттаҳид асосан наврасон буда, дар ин мусобиқа натиҷаҳои оливу вижа манзур сохтанд. 
Дар ин асно мехоҳам миннатпазирии хешро ба мунтахабҳои Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон, Туркманистон ва Қирғизстон баҳри иштироки фаъолона дар ин чорабинӣ баён намоям ва ҳамчунин дар фаъолияти минбаъдаи онҳо баҳри роҳхат гирифтан ба маръракаи муҳташами фароқоравии Чемпионати Осиё-2020, ки моҳи сентярб доир хоҳад гашт, комгориву пирӯзиҳои дуболо таманно мекунам. 
Ҳафтаи оянда дар кишвари мо оғози чемпионат CAFA-2019 миёни мунтахабҳои то 19 сола баргузор мешавад. Аминам, ки ин мусобиқа дар сатҳу сифати воло доир шуда, дӯстиву рафоқат ва меҳру садоқатро миёни ҷавонон дигарбора бедор месозад. Умедворам, ки чорабинии мазкур дар воқеъ иди бузурги футбол барои сокинони Душанбе-шаҳр хоҳад буд», – иброз дошт ба гоҳи мусоҳиба Рустами Эмомалӣ ба дафтари матбуоти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив