LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-23) ба Манама рафт

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) 1 сентябр барои вохӯриҳои дӯстона бо ҳамсолони худ аз Баҳрайн, ки рӯзҳои 3 ва 6 сентябр баргузор мешаванд, ба Манама омад.  Ба ҳайати дастаи мо 23 бозигар - 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар, аз ҷумла ду легионер - нимҳимоятгари “Навбаҳор” -и Ӯзбекистон Эҳсони Панҷшанбе ва ҳамлагар Шахром Самиев аз “Торпедо -БелАЗ” -и Беларус даъват карда шуданд.
Бозиҳои дӯстонаи дарпешистода яке аз марҳилаҳои омодагии тими миллии мо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25 то 31 октябр дар Душанбе баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад. Ҷавонони Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо дастаҳои Эрон, Лубнон ва Непал бозӣ хоҳанд кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив