LIVE

Сармураббии "Персеполис": "...дастоварди “Истиқлол” “сюрприз” аст..."

1.Салом ҷаноби Яҳё Гулмуҳаммадӣ. Якчанд суоле доштем вобаста ба бозии дарпешистодаи дастпарварони Шумо бо бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон?
Салом арз мекунам. Бале албатта дар хизмати Шумо ҳастам, гушам ба шумост.
2.  Дар бораи футболи тоҷик чӣ маълумоте доред?
Қабл аз бозии муҷаллое, ки бошгоҳи “Истиқлол” дар рақобатҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё нишон дод ва садрнишини гурӯҳи худ гардид, аслан шинохти ончуноне дар бораи футболи тоҷик надоштам. Ва баъд аз оне, ки марҳилаи гурӯҳӣ  тамом шуд ва мо рақибони мо муайян шуданд, пайгири футболи тоҷик шудам. Мутаасифона як мушкилии бузурге ҳаст инҷо, зеро бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳи “Истиқлол” на дар телевизионҳои маҳаллӣ ва на дар маҳвора пахш мегарданд, то аз бозии онҳо маълумоте бештар пайдо намоем. Вале бо истифода аз сабти рақобатҳои қаблии “Истиқлол” ки бо “Ал Ҳилол” ва дигарон дастрасанд, шинохти хубе пайдо намудем. Медонем пас аз он бозиҳо 4-5 нафар футболбозони худро “Истиқлол” аз даст дод ва чанд нафар футболбозони ҷадидро ба ҳайати худ ҷалб намудааст. Мутаассифона натавонистем аз ин маълумоте бештарро доир ба даста пайдо намоем. Вале медонам, ки “Истиқлол” як бошгоҳи муназзам, ҷавону босуръат ва фаъол дар бозори трансферӣ мебошад. Футболи Тоҷикистонро бо ин гуна дастоварди ифтихорӣ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо “Истиқлол” касб намуд - табрик менамоям, зеро онҳо тавонистанд бозии муҷаллоеро дар марҳалаи гурӯҳӣ нишон бидиҳанд.
3. Бошгоҳи “Истиқлол” бори аввал дар таърихи футболи тоҷик дар чунин як сатҳи олии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баромад намуда истодааст.  Дар мавриди ҳунарнамоӣ ва услуби бозии футболбозони “Истиқлол” пас аз омуӯзиш ва таҳлили он чӣ фикру ақида доред ва онро чӣ гуна баҳогузорӣ менамоед?
Фикр мекунам, баромад ва дастоварди “Истиқлол”-тоҷик ин худ як “сюрприз” метавон арзёбӣ кард, зеро онҳо тавонистанд арзандавор роҳхати марҳилаи баъдиро касб намоянд. Аз лиҳози тактикаи бозигузорӣ низоми хуби бозигузориро доранду суръати даставӣ низ қобили зикр аст. Дар гузариш ба хати ҳуҷум ва аксулҳучумҳо хело хатарноканд. Ин як намунаи хубе барои футболи Тоҷикистон аст ва медонам ки дар Тоҷикистон ба мисли Эрон истеъдодҳои хуби футболӣ ва ҷавонони лаёқатманду ояндадор мавҷуданд. Агар барномарезии хубе ба роҳ монда шавад, ин истеъдодҳоро ба воя расида, метавонанд оянда барои ноил шудан ба дастовардҳои бузург саҳмгузор шаванд.
4. Мо мебинем чанде аз футболбозони Шумо тарки даста намуданд, ба мисли Ҳусейн Конаанӣ, ки айнан ба бошгоҳи “Ал Аҳли”-и Доҳаи Қатар пайваст ва дифоъгари дигари ҳайати асосии “Персеполис” низ дастаро тарк кард. Оё ҷойгузини онҳоро аллакай пайдо намудаед?
Аз замоне, ки мусобиқоти дохилаи мо анҷом ёфт ва мо қаҳрамони он гардидем, гарчанде ду футболбози тими мунтахабро аз даст дода бошем ҳам, муттаасифона тағйиротҳои хуберо дар ҳайат ҳануз ворид накардем. Конаанӣ ва Нурулоӣ дастаро тарк карданд, ҳамзамон дар хати ҳуҷум Шаҳриёр Муғонлу низ дастаашро иваз намуд. Ҳар се ин футболбоз дар ҳайат бозигарони калидӣ ба ҳисоб мерафтанд, ки дар ҳар сурат мушкилотро дар ҳайати мо ба назар мерасанд, ки ин гуна футболбозонро натавонистем дар ҳайат боқӣ гузорем. Айни ҳол вобаста ба имконияти даста бозингарони ҷадидро ба ҳайат пайвастем ва бо онҳо ҳанӯз бояд кор кунем, то тавонанд он мавқеъҳои холимондаро дар ҳайати асосӣ пур кунанд. 
5. Оё Шумо хабар доред, ки зимни баргузории бозиҳои байналмилалӣ алалхусус бозиҳо дар чаҳорчӯбӣ КФО варзишгоҳи хонагии “Истиқлол” бо 25000 тамошобин пур аз мухлис мешавад. Ба фикри Шумо ин таъсиргузор ба бозигузории дастпарваронатон хоҳад буд ё не?
Хуб, ба ҳар сурат “Истиқлол” дар хонаи худ  ҳамчун мизбон ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ман худам шахсан ҳузури тамошобин ва варзишгоҳи пур аз мухлисро истиқбол менамоям. Аммо бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунӣ ва таъсири коронавирус ман намедонам оё мухлис роҳ дода мешавад ба варзишгоҳ ё не? Вале хело хушҳол хоҳам шуд агар тавонам бо мухлисони тоҷик ва бошгоҳи овозадори “Истиқлол” аз наздик шинос шавам.
6. Ба ақидаи Шумо оё футболбозони тоҷик метавонанд дар Лигаи олии Эрон ҳунарнамоӣ намоянд?
Бале,  ҳатман сад дар сад метавонанд.
7. Ҳамчун сармураббӣ, бо назардошти он ки футболбозони тоҷик форсизабон ҳастанд ва мушкили дар муошират нахоҳад ба миён омад, оё  Шумо метавонед футболбозони тоҷикро ба дастаи худ ҷалб намоед?
Мутаасифона бошгоҳи мо иҷозати ҷалби футболбозони хориҷиро надорад. Лекин фикр мекунам, ки футболбозони тоҷик метавонанд дар Эрон муваффақ бошанду дар бошгоҳҳои эронӣ бозӣ кунанд. Дар Тоҷикистон истеъдодҳои хело хубе ҳастанд ва ҷавонони лаёқатмандеро шоҳид шудам ва фикр мекунам рузе мерасад ки футболбозони тоҷикро дар мусобиқотҳои футболии Эрон шоҳид гардем.
8. Тими милии Тоҷикистон айни ҳол бе сармураббист. Агар пешниҳод ба миён ояд барои сармураббигии тими футболи Тоҷикистон қабул медоред?
Феълан дар хизмати тими “Персеполис” ҳастам ва бо ин тим қарордод дорам. Мехоҳам рӯзе дар кишварҳои хориҷа низ ба ҳайси сармураббӣ тамрини даста намоям. Агар ин кишвар Тоҷикистон гардад, нисбатан писандам хоҳад буд.  Аммо сараввал бояд бошгоҳи феълиям ин иҷозатро ба ман диҳад ва албатта шароити мусоид бояд муҳайё бошад. Ман намедонам шароити Федератсияи футболи Тоҷикистон дар чӣ сатҳ аст, аммо айнан ман як сол бояд бо “Персеполис” бошам ва ҳамчун сармураббӣ вазифаамро иҷро намоям. Шояд як рӯз имкон фароҳам гардад, то тавонам омада ба рушди футболи тоҷик саҳмгузор бошам.  

Сарчашма: https://varzishtv.tj/tj/


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив