LIVE

“Истиқлол” дар бозии охир бохт, аммо ба даври 1/8 ниҳоӣ баромад

Натиҷае, ки “Истиқлол” дар нахустин ҳунарнамоияш дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО нишон дод, тамоми Осиёро ба ларза овард. Акнун мардуми ин қора бори дигар огаҳ шуданд, ки тоҷикон ба дилхоҳ кор қодиранд. Имшаб тамоми мухлисон бехобӣ кашидаву “Истиқлол”-ро дар бозии охирини марҳилаи гурӯҳии ЛЧО дастгирӣ намуданд. Дар даври  ниҳоии марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқа тими “Истиқлол” бо дастаи "АГМК"-и Ӯзбекистон вориди майдони рақобат шуд. Дидори ин тимҳо пуршиддат доир шуда, бо натиҷаи 2:1 ба суди футболбозони ӯзбек хотима ёфт. Новобаста аз бохт - “Истиқлол” бо ишғоли зинаи аввал дар Лигаи қаҳрамонҳо аввалин бор ба марҳилаи плей-офф  ё худ 1/8 ниҳоӣ баромад. “Истиқлол”-и мо ҳамакнун миёни 16 беҳтарин бошгоҳҳои қора рақобатпазиру муаррифгари номи тоҷик хоҳад буд. Дар ин ҷода бояд хотиррасон намоем ки моро наҷотбахш “Ал Шабоб”-и Аморот буд, ки “Ал Ҳилол”-ро шикаст дод. Акнун «Истиқлол» бозии даври плей-оффро дар назди мухлисонаш дар шаҳри Душанбе баргузор мекунад. Тоҷикистон бо шарофати "Истиқлол" ҳамакнун дар замини худ бозиҳои  Лигаи қаҳрамонҳои Осиёро истиқбол мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив