LIVE

"Истиқлол" афсонаро ба ҳақиқат табдил дод

Шоми 24-уми апрели соли 2021 барои мардуми сарбаланди тоҷик шомили тиллоӣ буд, зеро муаррифгари футболи меҳан “Истиқлол”-и Душанбе ғалабаи ҳангомавии хешро бар зидди яке аз бузургтарин дастаҳои Осиё «Ал-Ҳилол» се карат қаҳрамони Лигаи қаҳрамонҳои Осиё (танҳо ду даста аз ҳама бештар се маротиб қаҳрамони ин мусобиқаанд ва яке аз онҳо “Ал Ҳилол) ва 16 карат қаҳрамони футболи яке аз сарватмандтарин кишварҳои сайёра - Арабистони Саудӣ ба даст овард. Дар ин бозӣ қаҳрамонони асосӣ ду Манучеҳр яке Ҷалилов ва дигаре Сафаров шуданд, ки бо ду голии задаашон ин шоҳзодаҳои бошгоҳи саудиро оҷизу ҳайрон аз майдон гусел намуданд.«Ал-Ҳилол»кайҳо боз ин гуна шикасти шармандаоварро бо ҳисоби 1-4 на танҳо дар қора балки дар чемпионати кишвари худ низ надида буд, зеро ғалабаи “Истиқлол” дар майдони Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар соли 2019 худ ҳангомаи тамоми мусобиқа ба шумор меравад. Зарбаҳои дарвозакӯби Манучерҳои тоҷик ин шом зарба ба дари футболи ҷаҳон буд то бидонанд, ки футболи тоҷик ҷаҳонист ва бояд кайҳо ба ин мартабаҳо роҳ дода мешуд. Шербачаҳои тоҷик ин шом исбот намуданд, ки нону намаки тоҷикона далерони майдони сабзи футболи ҷаҳонзебро мепарварад ва номи тоҷик ҳамакнун умедворем ҳамчун кишвари варзишиву футболӣ эътироф карда мешавад. Агар аввалин ҳунарнамоии “Истиқлол” дар ин сатҳ чунин бошад, пас моро ояндаи рӯшан интизор аст. Беҳтарин ғалаба дар соли ҷашнӣ бар кулли мухлисон ва ҳамватанон муборак бошад. Имрӯз тамоми сархати сомонаҳои ҷаҳонро пирӯзии бузурги “Истиқлол” бар дастаи бузурги «Ал-Ҳилол» фаро хоҳад гирифт. Дӯстони азиз акнун худи шумо бо чашми сар шоҳиди бозии таърихии “Истиқлол” дар бонуфузтарин мусобиқаи Осиё гардидед. Хулоса дар бораи “Истиқлол”-и бузург то фардо нависем ҳам кам аст, аммо ҳоло моро мебояд, ки шуморо бо вазъи гурӯҳи “А” ошно кунем. Бозии дигари гурӯҳи мазкур байни дастаҳои «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» ва АГМК бошад, бо натиҷаи 3:1 ба фоидаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» хотима хотима ёфт. Акнун баъди чор даври рақобатҳо дастаи “Истиқлол” бо касби 7 имтиёз садрнишини гурӯҳи “А” мебошад. Хотиррасон мекунем, ки дастаи мо бозии навбатиашро санаи 27-уми апрел бар зидди «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» баргузор мекунад. Умед ва боварии комил дорем, ки “Истиқлол” аз зинаи якум ба марҳилаи 1/8 финал роҳ меёбад ва бо чунин ҳунарнамоиаш таърихро тағйир медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив