LIVE

Бозии "Истиқлол" ва "Хуҷанд"-ро дар як қатор кишварҳо намоиш медиҳанд

Футболи тоҷик ба туфайли муваффақиятҳои беназир дар солҳои охир то рафт мавқею ҷойгоҳи муносиби худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо намуда, эътибору нуфузи худро баланд бардошт. Соли ҷорӣ дар давраи дунёгир шудани COVID-19 мо ҳамагон шоҳиди он шудем, ки чӣ тавр футболи моро дар шабакаҳои бузурги телевизионии Аврупову Осиё намоиш дода футболи тоҷик дар ин қитъаҳо муаррифӣ карда шуд.
Дар идомаи чунин иқдомҳои наҷиб МД ТВ “Варзиш” дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шарикони хориҷии худ ба мувофиқа омаданд, ки рақобати марказӣ ва классикаи футболи тоҷик бо иштироки “Истиқлол” ва “Хуҷанд” дар телевизионҳои варзишии кишварҳои собиқ Югославия - Сербия, Босния ва Ҳерсоговина, Хорватия, Словения, Черногория ва Македония мустақиман пахш намоянд.
Бояд хотиррасон намуд, ки дар даври 12-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон қаҳрамони феълии кишвар бошгоҳи “Истиқлол” яке аз рақибони асосии худ “Хучанд”-и шаҳри Хуҷандро меҳмондорӣ менамояд.
Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст, қаблан моҳи апрели соли равон зимни баргузории қисмати аввали мусобиқоти футболии кишвар якчанд рақобатҳои майдони сабзи тоҷик дар ҳамин кишварҳои Аврупо ва шоҳигарии Испания тарғиб ва пешкаши мухлисон карда шуда буд.  
Ҳамакнун бовар дорем, ки минбаъд низ чунин диққат ба футболи тоҷик идома ёфта, на танҳо пахши бозиҳои Лигаи олии футболи кишвар дар сартосари дунё муаррифӣ мегардад, балки мутахассисон ва намояндагони бошгоҳҳои ҷаҳон ба ҷалби футболбозони маҳоратноки тоҷик мароқ зоҳир менамоянд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив