LIVE

Инъикоси футболи тоҷик дар маҷаллаи маъруфи испанӣ

Сомонаи as.com -и Испания тарғиби футболи тоҷикро нақшагузорӣ намудааст. Тибқи маълумоти сомона се бозии даври дуюми Лигаи олии Тоҷикистон бо иштироки "Локомотив" - "Душанбе 83" (санаи 11 апрел), "Истиклол" - "КВМА" ва "Хуҷанд" - "Хатлон" (санаи 12 апрел) дар сомонаи ин маҷалла барои миллионҳо хонанда дар як рӯз мустақиман пахш карда мешавад. Дар ҳақиқат ин рӯзҳо футболи тоҷик муаррифгари миллат дар арсаи байналмилалӣ гардидааст. Инъикоси бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон тавассути бонуфузтарин шабакаҳои варзишии ҷаҳонӣ имкон медиҳад, ки футболбозони мо дар арсаи байналмилалӣ ному нанг бароранд ва аз эҳтимол дур нест, ки тавваҷҷуҳи бошгоҳҳои муқтадирро ба худ ҷалб созанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив