LIVE

Суперҷоми Тоҷикистон бидуни мухлис мегузарад

Федератсияи футболи Тоҷикистон дар сомонааш хабар медиҳад, ки бозии финалии Суперҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” санаи 4-уми апрел соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бидуни мухлис баргузор мешавад.
Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ аз бемории коронавирус, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додааст, ки бозии мазкур бидуни мухлис баргузор карда шавад. Федератсияи футболи Тоҷикистон ин тавсияро дастгирӣ намуда, бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд”-ро дар Суперҷоми Тоҷикистон-2020 бидуни мухлис баргузор мекунад. Инчунин бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ низ бидуни мухлис баргузор мешаванд.

Суперҷоми Тоҷикистон-2020
4 апрел (шанбе)
Оғози бозӣ соати 17:00
«Истиқлол» – «Хуҷанд»
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив