LIVE

Нишасти матбуотии “Хуҷанд” ва “Истиқлол”

Дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии пеш аз бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Истиқлол” дар доираи омодагӣ ба бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 баргузор гардид. Дар ин нишаст нахуст намояндагони тими "Хуҷанд", сармураббӣ - Лазаревич ва бозигари даста - Санҷар Риҳсибоев суханронӣ карда, ба саволҳои хабарнигорон посух гуфтанд.
Мутахассиси сербӣ - Сергей Лазаревич иброз дошт, ки  интизор дорад бозии фардо ҷолибу диданӣ бошад, зеро ҳар ду даста танҳо барои пирӯзӣ ба майдон мебароянд. Ӯ иброз дошт, ки набудани бозингари 12-ум, яъне мухлисон таъсири худро хоҳад дошт, аммо бачаҳо ҳама талошро хоҳанд кард. Дар ин бозӣ Хуршед Бекназаров ва чанде аз футболбозони дигар ширкат варзида наметавонанд.  
Сипас, дар идомаи нишасти матуботӣ сармураббии дастаи “Истиқлол” - Виталий Левченко иброз дошт, ки воқеан барои мухлисони дастаи “Истиқлол” нороҳатам, ки онҳо наметавонанд дар ин дидор моро ҳамроҳӣ кунанд. Аммо ба ҳар ҳол омодагии бачаҳо хуб аст ва ҳама талошро танҳо барои пирӯзӣ хоҳем кард.  
Алишер Ҷалилов бозигари тими Истиқлол низ иброз дошт, ки ин бозӣ барои ҳарду даста мушкил хоҳад буд. Зеро бозии охире, ки футболбозони дастаи Хуҷанд бар муқобили тими “Нефтчӣ” анҷом доданд, воқеан ҷолиб буд ва аз ин даста, ки ҳамакнун бо сармураббии нав, мутахассиси сербӣ вориди майдон мегарданд, ҳар чӣ интизор шудан мумкин аст. 
Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ аз бемории коронавирус Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додааст, ки бозии мазкур бидуни мухлис баргузор карда шавад. Федератсияи футболи Тоҷикистон ин тавсияро дастгирӣ намуда, бозии ду бошгоҳи ватаниро дар Ҷоми КФО-2020 бидуни мухлис баргузор мекунад. Мухлисон ва ҳаводорон имкон доранд, ки бозии мазкурро тавассути шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Футбол” мустақиман тамошо намоянд. Хотиррасон мешавем, ки рақобати мазкур 11-уми март соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Next Post

Комментарии 1

Amrdiap
Amrdiap от 10 марта 2020 15:47
Никола Лазаревич.......

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив