LIVE

Ҳаким Фузайлов: Моро бозии мушкил дар пеш аст


Як рӯз қабл аз вохӯрии охири марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2019 миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Олтин Асир" нишасти матбуотӣ бо иштироки сармураббиёни дастаҳо доир шуд. Ҳаким Фузайлов изҳор дошт, ки бозӣ бо дастаи "Олтин Асир" бениҳоят душвор хоҳад буд. Зеро дар ин вохӯрӣ тақдири як роҳхат ҷиҳати ширкат дар бозии плей-офф ҳал мегардад. 

- Шумо аз бозии дар пешистода чи интизор доред ва омодагиҳо дар кадом сатҳ ҷараён доранд?  (Фариддун Солиев ФФТ)

Чуноне ман қабл аз ин вохӯрӣ ва баъди бозӣ бо "Хуҷанд" гуфта будам, новобаста аз ҳолати мушкил дар ҷадвали мусобиқа метавон гуфт, ки ин вохӯрӣ ба финал баробар аст. Барои мо ғалаба ва  барои ҳарифон муссовӣ басандагӣ хоҳад кард. Ба ин хотир барои баромадан аз гуруҳ бозии ҷолибу мушкил моро интизор аст. Маҳз дар ҳаминҷо тақдири як роҳхат ҳал мешавад. Қариб ҳаммаи ҳайати даста дар ҳолати омодабошанд ва футболбозон дарк мекунанд, ки ин бозӣ барояшон чи аҳамият дорад. Кӯшиш мекунем, натиҷаи хубро ба даст орем. 

-  Баъди бозӣ бо "Хуҷанд" Шумо гуфтед, ки барои "Истиқлол" дар соли 2019 ин яке аз бадтарин бозиҳо буд. Агар "Истиқлол" бозии хешро чанд соат пештар бо "Хуҷанд" барпо мекард шояд пирӯз мешуд. Вале қабл аз бозӣ ҳолати даста куллан дигар гардид. Ҳоло авзои дохилӣ чи гуна аст? (Бобо Холмуродзода ТВ Варзиш)

Мо қариб ҳама мушкилиҳои мавҷударо бартарф намудем. Боз чизҳое вуҷуд доранд, ки онро бояд ҳалу фасл намоем ва умуман ин кори дохилии бошгоҳ мебошад. Дар мавриди бозӣ бошад гуфтаниям, ки воқеан ҳам мо дар он бозӣ хуб баромад накардем. Вале аллакай ин чиз фаромӯш шуда, фикри мо ҳамеша ба бозӣ бо "Олтин Асир" мебошад.

 - Чаро "Истиқлол" дар бозиҳои сафарии мусобиқаи имсола чандон хуб бозӣ намекунад? Дастаи Шумо дар се бозӣ танҳо як имтиёз ба даст овард. (Фариддуни Шарифзод ТВ Футбол) 

Албатта ин сабаб дорад. Ба андешаи ман муссовӣ бо "Олтин Асир" дар Ашқобод натиҷаи хуб буд. Дар вохӯрӣ бо "Дордой" дар Бишкек бошад сабаби бохт дар ҷараёни бозӣ баръало мушоҳида гардид ва дар бозӣ бо "Хуҷанд"-ро намехоҳам ба ёд орам. 

- Мураббии дастаи "Олтин Асир" гуфт, ки мавқеҳои заифу сусти "Истиқлол"-ро омӯхтаанд. Шумо дар мавриди ҳариф чи мегӯед? (Фариддуни Шарифзод ТВ Футбол)

Мо чанд бозӣ бо иштироки дастаи "Олтин Асир"-ро  дар Ҷоми КФО тамошо намудем. Аз бартариҳои ҳариф бархурдор ҳастем. Акнун бозии хешро ба ҳариф мутобиқ мекунем. 

- Шумо аз дастаи "Хуҷанд" наранҷидаед, зеро то ин дам тиматон пешсаф буд, аммо дар даври гузашта дастаи Шуморо пешпо дод (савол аз намояндаи "Олтин Асир")

Ягон ранҷурӣ нест. Ман фикр мекунам, ки мо аз рафти бозӣ мағлуб нашудем. 

- Оё ягон тағйирот дар ҳайати дастаи "Истиқлол" муқоиса ба бозӣ бо дастаи "Хуҷанд" анҷом мешавад? (Аловиддин Бӯриев АМИТ Ховар)

Ҳатман тағйирот ҳаст. Вазифаи асосии ман он аст, ки бозингаронро аз лиҳози равонӣ ба вохӯрӣ омода кунам. Ҳамингуна фаҳмидам, ки то имрӯз бештари бозингарон ба ин бозӣ омодагии хуб дидаанд ва эҳсос мешавад, ки чи гуна бозӣ намоянд. 



 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив