LIVE

Оё Левченко "Хуҷанд"-ро бо "Истиқлол" иваз мекунад?

Сармураббии дастаи "Хуҷанд" мутахассиси 47 сола Виталий Левченко эҳтимол аст, рӯзҳои наздик сармурураббии нави "Истиқлол" шавад. Дар ин бора ҳарчанд бошгоҳи "Истиқлол" расман хабар надодааст, вале тибқи овозаҳо рӯзҳои наздик муаррифи сармураббии нав доир мегардад. Виталий Левченко дар ин вазифа Алишер Тӯтаевро иваз мекунад, ки баъди рафтани Ҳаким Фузайлов иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд. Бо роҳбарии Левченко соли гузашта дастаи "Хуҷанд" дар чемпионати Тоҷикистон мақоми 2-юмро соҳиб шуда, дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2019 ширкат кард. Гуфта мешавад, ки ба ин мутахассис дар дастаи "Истиқлол" Анвар Норқулов ва Фаррух Бердиев кӯмак мекунанд. Анвар Норқулов қаблан дар дастаи "Истиқлол" ба ҳайиси футболбоз ҳунарнамоӣ дошт. Фаррух Бердиев, ки иштирокчии Ҷоми Ҷаҳон-2007 миёни футболбозони 17 сола ҳаст, вақтҳои ахир ҳамчун мураббии дарвозабонҳо дар дастаи "Хуҷанд" ва мунтахаби бонувони кишвар фаъолият мекард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив