LIVE

Ҷоми вилояти Хатлон ва Ҷоми раиси вилоят оғоз мегардад

Маросими қуръакашӣ оид ба баргузории мавсими нави Ҷоми вилояти Хатлон ва Ҷоми раиси вилояти Хатлон баргузор  гардид.  
Тибқи низомномаи тасдиқнамудаи Федератсияи футболи вилояти Хатлон мусобиқаи имсола бо иштироки дастаҳои Лигаҳои дуюм – «Арал»-и А. Ҷомӣ, «Сарбанд»-и Левакант, «Хуросон»-и Хуросон, «Нури деҳот»-и Панҷ, «Дӯстӣ»-и Ҷайҳун, «Кӯшон»-и Кӯшониён, «Чашма»-и Шаҳритус, «Пахтакор»-и Қубодиён, «Бешкент»-и Н. Хусрав, «Ҷиликул»-и Дӯстӣ, «Кӯлоб»-и Кӯлоб, «Сарҳадчӣ»-и Ҳамадонӣ, «Андароб»-и Кӯлоб, «Шоҳин»-и Муъминобод, «Терай»-и Ш. Шоҳин гузаронида мешавад.
Тибқи муқарарот бозиҳои марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми вилояти Хатлон ва Ҷоми раиси вилояти Хатлон аз як вохӯрӣ иборат мебошанд. Дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ дастаҳо ба таври зайл миёни ҳам рақобат мекунанд: «Сарҳадчӣ» - «Кӯлоб», «Шоҳин» -  «Чиликул», «Хуросон» - «Андароб», «Сарбанд» - «Кӯшон», «Арал» - «Нури деҳот», «Бешкент» - «Терай», «Чашма» - «Дӯстӣ».
Мавриди зикр аст, ки мавсими имсолаи Ҷоми вилояти Хатлон рӯзи 10 августи соли 2021 ва Ҷоми раиси вилояти Хатлон моҳи октябр оғоз мегардад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив