LIVE

Пайрав Воҳидов сармураббии нави мунтахаби футзали Тоҷикистон

Сармураббии нави дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон мураббии бошгоҳи  "Соро компания"-и Душанбе Пайрав Воҳидов таъйин шуд.

Мутахассис вазифаҳои сармураббиро дар дастаи мунтахаб ва дар дастаи "Соро Компания"  муттаҳид мекунад. Яъне дар ҳарду вазифа кор менамояд. Қаблан дар солҳои 2015 ва 2016 Пайрав Воҳидов ёвари сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон буд ва дар соли 2017 тими ҷавонони футзали кишвар (U-20) -ро раҳбарӣ кард. Таҳти роҳбарии Воҳидов, клуби "Соро Компания" дар солҳои 2018 ва 2019 ду маротиба ғолиби Лигаи касбии футзали Тоҷикистон гардид.

Пайрав Воҳидов дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 13 то 24 октябр баргузор мешавад, омода мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив