LIVE

Чехия мунтахаби Нидерландияро аз Евро-2020 берун кард

Дар варзишгоҳи «Ференс Пушкаш»-и шаҳри Будапешти  Маҷористон бозии марҳилаи ⅛ ниҳоии Чемпионати Аврупо-2020 байни  мунтахабҳои Нидерланд ва Чехия баргузор гардид. Набарди дастаҳо шадид ҷараён гирифта, бо ҳисоби 0:2 ба суди футболбозони Ҷумҳурии Чех хотима ёфт. Гарчанде дар қисми аввали бозӣ дастаҳо имкониятҳои хуби голзанӣ доштанд, вале ба бозингарони ҳарду даста муяссар нашуд, то қулфи дарвозаи якдигарро шикананд. Ҳамин гуна, дастаҳо бо ҳисоби мусовии 0:0 ба танаффус рафтанд. Ҳама рӯйдодҳои муҳими ин набард дар қисми дуюм рух доданд. Нидерланд бозиро фаъол шуруъ намуда, ҳамлаҳои зиёд анҷом медод. Шиддати ҳамлаҳои шогирдони Франк де Бурро корти сурхи ҳимоятгари дастаи «Ювентус» ва мунтахаби Нидерланд – Маттейс де Лигт коҳиш дод. Дар дақиқаи 55-уми рақобат пас аз он ки Де Лигт қоидаи бозиро нисбати бозингари рақиб вайрон кард, корти сурхро дар рӯ ба рӯи хеш дид ва майдонбадар шуд. Пас аз даҳнафара мондани нидерландҳо футболбозони Ҷумҳурии Чех ба ҳамла гузаштанд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 68-уми рақобат Томаш Холеш – нимҳимоятгари тими миллии Чех бо сар тӯбро вориди дарвозаи мунтахаби Нидерландия намуда, ҳисобро кушод. Пасон дар дақиқаи 80-ум ҳамлагари чехҳо – Патрик Шик дарвозаи Мартиг Стекеленбург рахна намуда, ҳисобро 2:0 ба нафъи дастааш намуд. Бо ҳамин, тими миллии Чехия дастаи мунтахаби Нидерландро шикаст дода, ба марҳилаи ¼ финали мусобиқа роҳ ёфт. Дар ин марҳила рақиби тими миллии Чехия бо  мунтахаби Дания рақобат мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив