LIVE

Роналду «Барселона»-ро ноком кард

Дидоре ки мухлисони футбол дер боз интизораш буданд ниҳоятан баргузор гардид. Бозӣ байни дастаҳои “Баселона” ва “Ювентус” дар варзишгоҳи Камп Ноу доир шуд. Ин охирин бозии марҳилаи гуруҳи буд. Рақобати дастаҳо аз як ҷониб барои ба даст овардани зинаи аввали гуруҳи “G” буд. Аммо аз тарафи дигар ин рақобати инфиродиид у нобиғаи футбол, Месси ва Роналду буд. 
Рақобат оғоз гардид. Ҳануз дақиқаи 13-уми бозӣ буд, ки Роналду барои дастааш пеналти кор кард. Худи Криштиану аз пеналти истифода карда ҳисоби бозиро кушод. Пас аз ҳафт дақиқаи дигар боз бозингарони “Ювентус” як ҳамлаи дигар анҷом доданд. Ин навбат партоб дар иҷрои Куадрадо аз канор ба ҷаримагоҳ анҷом дода шуд. Уестон Маккени, нимҳимоятгари “Ювентус” аз ин партоб истифода карда гол зад. Алакай дар дақиқаи 20-ум ҳисоб 0-2 ба нафъи меҳмонон шуд. Дар идомаи қисми якуми дидор Месси ва ҳамдастаҳояш борҳо кушиши наздик шудан ба дарвозаи Буффонро карданд, аммо барояшон имконият нашуд, ки ҳатто ба як голи задаи меҳмомнон ҷавоб диҳанд. Нимаи аввал бо ҳисоби 0-2 хатм гардид.
Қисми дуюми рақобат бо бо бартарии “Барселона” шуруъ шуд. Мизбонон талоши наздик шудан ба дарвозаи рақибро мекарданд. Аммо боз натиҷа мисли нимаи аввал буд. Зарбаҳоро ё Буффон   мегардонд ва ё аз дарвоза дур мерафтанд. Дар нимаи дуюм дастаҳо ҳамаги 7 дақиқа рақобат карда буданд, ки ҳимоятгари марказии “Барса” Клеман Лангле дар дохили ҷаримагоҳи дастааш тубро бо даст бозӣ кард. Довар пеналтии навбатиро ба суи дарвозаи Тер Штеген таин намуд. Маротибаи дуюм ҳам ҳамлагари португалӣ, Криштиану Роналду пеналтиро бе хато иҷро кард. Дигар то хотимаи бозӣ аз ҷониби ягон даста гол зада нашуд ва бозии даври 6-уми марҳилаи гуруҳӣ байни дастаҳои “Барселона” ва “Ювентус” бо ҳисоби 0-3 ба фоидаи “Ювентус” ба поён расид.
Пас аз ин дидор дастаи “Ювентус” дар ҷадвали гуруҳи “G”  бо касби 15 имтиёз ба ҷои аввал баромад ва “Барселона” бошад бо ҳамин нишондод дар зинаи дуюм қарор гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив