LIVE

“Ювентус” зинаи аввалро ба касе доданӣ нест

Дар доираи бозиҳои даври 27-уми Силсилаи А-и Италия “Ювентус” дар сафар бо “Болоня” вохӯрӣ анҷом дод. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи  “Ренато Далл'Ара” баргузор шуда, бо ҳисоби 0:2 ба нафъи туриниҳо анҷом ёфт. Ҳардуи голҳо дар қисми якуми вохӯрӣ зада шуд. Ҳисоби бозиро Криштиану Роналду дар дақиқаи 23-юм аз зарбаи ҷаримавии 11 метра боз намуд. Дар дақиқаи 36-ум бошад, Пауло Дибала бо зарбаи муҷалло голи дуюми дастаи худро ба самар расонид. Ҳамин тариқ, “Ювентус” дар 4 даври Серияи А пайиҳам аст, ки ягон имтиёз аз даст надодааст ва бо касби 66 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. “Болоня” бошад, зинаи 10-умро ишғол мекунад. Дар дидори дигар тими “Лечче” дар майдони худ аз “Милан” бо ҳисоби 1 бар 4 шикаст хӯрд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив