LIVE

Ғалабаи наврасони тоҷик бар ҳамсолонашон аз Ӯзбекистон

Бозии аввали дӯстонаи мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон бо наврасони Ӯзбекистон дар доираи марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2021 доир гардид. Вохӯрии дастаҳо дар варҳишгоҳи “20 солагии Истиқлоляти Тоҷикистон” воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ҷолибу диданӣ сурат гирифта, бо як голи соҳибони майдон хатм шуд. Ин голи пирӯзиоварро дар дақиқаи 38-ум футболбози навраси кишвар - Хусрав Тоҳиров ба самар расонид. Дар дақиқаҳои охири қисми дуюми бозӣ шогирдони Аҳлиддин Турдиев имкониятҳои зиёд барои афзун кардани ҳисоб доштанд. Аммо истифодаи ҳолатҳои хуби голзанӣ ба онҳо муяссар наградид. Баргузории бозии дуюми дӯстонаи мунтахабҳои наврасони 16 солаи Тоҷикистону Ӯзбекистон 24-уми сентябр дар назар аст.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив