LIVE

“Челси” бо мағлуб намудани "Манчестер Сити" ғолиби Лигаи Чемпионҳо гардид

Финали Лигаи Чемпионҳо ду дастаи англисӣ “Челси” ва "Манчестер Сити"-ро дар варзишгоҳи «Драгау»-и шаҳри Портуи Португалия ба ҳам овард. Рақобати дастаҳо пуршиддат доир шуда, ҳанӯз дар нафасҳои аввали дидор футболбозони “Челси” аниқтараш Тимо Вернер якчанд ҳолати сад дар сади голзаниро аз даст дод. Қисми аввали бозӣ ба нуқтаи ниҳоӣ наздик мешуду ҳанӯз ҳам аз рахна намудани дарвозаи якдигар дараке набуд. Кӯшишу талошҳои “ашрофзодаҳо” самар оварду дар дақиқаи 42-юм Хавертс аз дарвозабони “МС” гузашта тӯбро таслими дарвозаи рақиб намуд. Бо ҳамин қисмати аввали бозӣ хотима ёфт. Мухлисон интизор буданд, ки дар қисми дуюм шоҳиди гол мешаванд, вале на. Дар қисми дуюми дидор ҳолатҳои голзанӣ аз ҳарду даста хеле зиёд буданд, аммо ин имконият ба ягон даста даст надод. Бо ҳамин натиҷаи 0:1 бозии мазкур хотима ёфта, “Челси” маротиба дуюм дар тӯли таърихи хеш барандаи Лигаи Чемпионҳо гардид. Дастаи "Манчестер Сити" бошад, дар аввалин финали худ ноком шуда, аз ин ҷоизаи Лигаи Чемпионҳо бенасиб шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив