LIVE

Нокомии “Манчестер Сити” аз “Ливерпул”

Бозӣ байни дастаҳои “Ливерпул” ва “Манчестер Сити” на танҳо дар Англия балки дар ҷаҳон бозии марказии ин ҳафта ба шумор мерафт. Қаблан мухлисони футбол Эл-Класикоро интизорӣ мекашиданд ва ҳоло бошад, набарди “Ливерпул” ва “МС”-ро интизорӣ мекашиданд. “Манчестер Сити”-и Гвардиолаи таҷрибадор бо мушкилотҳои зиёди ҳайатӣ ба меҳмонии “Ливерпул” сафар намуд. Футболбозони “шаҳриҳо” бозиро чунон зебо ва пуршиддат оғоз намуданд, ки мухлисони ба майдони “Энфелд” омада ҳаловат бурданд. Ҳангоми ҳуҷумҳои пай дар пайи футболбозони “Манчестер Сити” тӯб рӯирост ба дастаи дифоъгари “Ливерпул” Трент Александер-Арнолд бархурд, ки довари англисӣ ин амалро нодида гирифт. Дар сурате, ки доварон дар беҳтарин Лигаи ҷаҳон ба иштибоҳҳои кӯчак роҳ медиҳанд, баъдан дар дигар Лигаҳо доварон ба чӣ хатогиҳо роҳ медиҳанд. Дар ин дидор довар ду ҳолати сад дар сади баҳсиро ба инобат нагирифт. Ҳамин тавр дар натиҷаи аксулҳуҷум Фабинюи бразилӣ бо зарбаи дарвозакӯбаш ҳисобро боз кард. Ҳатто довари ин дидор ба системаи ВАР барои ҳолати бар хурдани тӯб ба дасти Трент назар накард. Пас аз якчанд лаҳзаи голи Фабиню, Салоҳи мисрӣ бо зарбаи сахти сар голи дуюми дастаашро ба ҳадаф расонид. Ҳарчанд шогирдони Хосеп ҳамлаҳои пай дар пайи хешро ҷониби дарвозаи Алиссон равон менамуданд, аммо ҳамаи ин зарбаҳоро дарвозабони беҳтарини ҷаҳон бармегардонид. Ҳамин тавр қисмати аввали бозӣ бо бартарии 2:0 ба нафъи қаҳрамони феълии Лигаи Чемпионҳо хотима ёфт. Дар оғози қисми дуюми дидор Садио Манеи Сенегалӣ ҳисобро 3:0 кард. Кӯшишу талоҳои меҳмонон самар оварду, дар дақиқаи 78-уми дидор футболбози португалии “Манчестер Сити” - Бернарду Силва голи ягонаи дастаашро дар ин майдондорӣ ба ҳадаф расонид. Ҳамин тавр бозии марказии даври 12-уми ПЛА байни “Ливерпул” ва “Манчестер Сити” бо ҳисоби 3:1 ба суди шогирдони Юрген Клопп хотима ёфт. Акнун баъди ин бозӣ “Ливерпул” бо касби 34 имтиёз садрнишини ҷадвали ПЛА гардид. “Манчестер Сити” бошад, бо ишғоли 25 хол ба зинаи 4-уми ҷадвал фаромад.
Чемпионати Англия
Даври 12-ум
“Ливерпул” – “Манчестер Сити” – 3:1
Голҳо: Фабиню 3, Муҳаммад Салоҳ 13, Садио Мане 51, Бернарду Силва 78.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив