LIVE

“Шаҳриҳо” қаҳрамони феълии Лигаи Чемпионҳоро аз як ҷоиза маҳрум карданд

Дар бозии Суперҷоми Англия қаҳрамонҳои феълии Англия ва Лигаи Чемпионҳо “Манчестер Сити” ва “Ливерпул” вориди майдони рақобат шуданд. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи муҳташами «Уэмбли» сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Тибқи низомномаи ин мусобиқот баъди ба анҷом расидани бозӣ дастаҳо ба задани силсилазарбаҳои ҷаримавии 11 метра шуруъ намуданд, ки дар натиҷа “шаҳриҳо” бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуда, барандаи медали тиллои Суперҷоми Англия-2019 гардиданд. Ёдовар мешавем, ки “МС” қаҳрамноми феълии Англия ва “Ливерпул” қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо мебошанд. Ин мавсим барои шогирдони Клопп аллакай нобарор оғоз шуд, чаро ки “сурхҳо” дар се бозии дӯстонаи пеш аз мавсим дучори бохт шуда буданд.
Суперҷоми Англия-2019
Финал
“Ливерпул” – “Манчестер Сити” – 1:1 ( Пеналти 4:5)
Голҳо: Стерлинг 12, Матип 77.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив