LIVE

“Ювентус” мавсимро бо дасти холи ҷамъбаст намекунад

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Италия “Аталанта” аз “Ювентус” мағлуб шуд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи туриниҳо ба анҷом расид.
Ҳисобро дар дақиқаи 31-ум Деян Кулушевски кушод. Пас аз даҳ дақиқа, “Аталанта” голи ҷавобӣ зад. Малиновский зарба иҷро намуд, ки  Ҷанлуиджи Буффон муқобилият нишон дода натавонист.
Голи дуввуми дастаи футболи шаҳри Туринро дар дақиқаи 73-юм нимҳимоятгари “Ювентус” Федерико Кйеза зад.
“Ювентус” бори 14-ум барандаи Ҷоми Италия гардид. Ин даста қаблан дар солҳои (1938, 1942, 1959, 1960, 1965, 1979, 1983, 1990, 1995, 2015, 2016, 2017, 2018, 2021) низ ҷоизаи мазкурро ба даст оварда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив