LIVE

"Ювентус" ба силсилапирӯзиҳои "Милан" нуқта гузошт

Дар бозии даври 16-уми Серияи А-и Италия «Милан» аз «Ювентус»-и Турин мағлуб шуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Сан Сиро" -и Милан баргузор шуд ва бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи меҳмонон ба анҷом расид. Ҳисобро дар дақиқаи 18-ум нимҳимоятгари "Ювентус" Федерико Кйеза, пас аз партофти головари Пауло Дибала боз кард. Дар охири қисми аввал, аз ҳайати дастаи мизбонон - Давид Калабрия ба задани гол мушарраф шуда, ҳисобро баробар намуд. Партофти головарро Рафаэл Леу анҷом дод. Дар нимаи қисми дуввум Кйеза як голи дигар зада, дар ҳисобаш дубл сабт сохт. Голи сеюми Ювентусро Вестон Маккенни бо  истифода аз партофти Дежан Кулушевский ба ҳадаф расонид.
Бори охир дастаҳо дар даври 31-уми мавсими 2019/2020 бо ҳам вохӯрда буданд. Милан дар майдони худ дастаи Туриниро бо ҳисоби 4:2 мағлуб намуда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив