LIVE

"Милан" шикастнопазир боқӣ монд

    Дар бозии даври 14-уми Серияи А-и Италия бошгоҳи  "Милан" тими "Латсио"-ро мағлуб кард. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи "Сан-Сиро"-и шаҳри Милан баргузор гардида бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт. Дар дақиқаи 10-уми бозӣ ҳамлагари "Милан" Анте Ребич аз партофти Ҳакан Чалханоғлу истифода намуда,  ҳисобро кушод. Чалханоғлу пас аз ҳафт дақиқа аз ҷаримаи 11 метра таносубро дуболо намуд. Дар дақиқаи 28-ум довар ба дарвозаи "Милан" пиналти таъйин кард, пас аз зарбаи  Чиро Иммобиле   Ҷанлуиҷи Доннарумма ба осони зарбаро бартараф намуд, аммо натавонист тӯбро ба дасташ гирад. Аз ин фурсат Луис Алберто истифода намуда, тӯбро бо сар вориди дарвозаи соҳибони майдон намуд. Дар дақиқаи 59-уми қисми дуюм Иммобиле  ҳисобро баробар кард. Голи пирӯзиовварро барои миланиҳо дар вақтҳои изофа, Тео Эрнандес зад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив