LIVE

Намоиш дар театри Истаравшан бо як ҳунарманд

Дастаҳои “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан ва “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ  бозии мавқуфмондаи даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олиро баргузор карданд. Дидори дастаҳо дар шаҳри Истаравшан  доир гардида, бо ҳисоби  5 бар 2  ба суди мизбонон ба анҷом расид. Дар лаҳзаҳои нахустини майдондорӣ  футболбози “Файзканд” дар ҷаримагоҳи худ ба  қоидаситезӣ даст зад. Бо ҳамин сабаб довар  ба дарвозаи меҳмонон  зарбаи ҷаримавӣ таъйин  намуд. Илҳомҷон Баротов зарбаро   бо муваффақият   иҷро намуда, ҳисобро боз кард.  Дар   нимаи дуюми  нерусанҷӣ саҳеҳтараш дар дақиқаи 51-ум Илҳомҷон Баротов  бори дуюм дарвозаи “Файзканд”ро рахна карда, ба номаш дублро сабт сохт.  Дар дақиқаи 68-ум ин футболбози бомаҳорат  аз партофти хуби ҳамдастааш истифода бурда, аз масофаи дур  тӯбро дохили дарвозаи рақибон гардонд. 4 дақиқа монда то анҷоми  вохӯрӣ бозигари “Файзканд” Аббос Икромов ба як голи ҳарифон ҷавоб гуфт. Илҳомҷон Баротовро 3 гол камӣ кард ва аз як лаҳзаи хубӣ голзанӣ истифода бурда, ба номаш покерро  муҳр зад. Дар фурсатҳои охири вохӯрӣ дигар касе  пеши роҳи Илҳомҷон Баротовро гирифта натавонист. Ӯ номи худро ба рӯйхати футболбозоне, ки муаллифи пентатрик гардидаанд, сабт кард. Дере нагузашта Шарафҷон Солеҳов бо як зарбаи ҳадафрас тӯбро  ба дарвозаи “Истаравшан”  ворид намуда ҳисобро 5 бар 2 намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив