LIVE

Аввалин ғалабаи“Ювентус” бо Пирло

Дар бозии даври якуми Серияи Италия, “Ювентус” “Сампдория”-ро мағлуб кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Аллианз - Ювентус дар Турин баргузор шуд ва бо ҳисоби 3: 0 ба фоидаи мизбонон ба анҷом расид. Ҳисобро дар дақиқаи 13-уми вохӯрӣ Деяан Кулушевский кушод. Голи дуюми “Ювентус”-ро дар дақиқаи 79-ум Леонардо Бонуччи ба самар расонд. Дар дақиқаи 88-уми дидор, Криштиану Роналду ҳисобро 3 бар 0 сохт. Ин аввалин бозии расмии туриниҳо зери роҳбарии Андреа Пирло маҳсуб мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив