LIVE

“Ювентус” барандаи Суперҷоми Италия

Дар бозӣ барои Суперҷоми Италия “Ювентус” ва “Наполи” ба ҳам омаданд. Вохӯрӣ бо пирӯзии дастаи Турин бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Дар дақиқаи 64-уми бозӣ ҳамлагари португалии “Ювентус” - Криштиану Роналду ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 80-ум довари асосии вохӯрӣ Паоло Валери зарбаи пеналти ба дарвозаи тими туринӣ таъйин кард, аммо ҳамлагари итолиёвии «Наполи» Лорентсо Инсине зарбаи 11-метраро ба нишон расонида натавонист. Голи дуюми “Ювентус”-ро ҳамлагар Алваро Мората дар дақиқаҳои иловагии охири рақобат ба ҳадаф расонид. Ҳамин тариқ “Ювентус” барандаи Суперҷоми Италия гардид. Бошгоҳи шаҳри Турин барои нуҳум бор аст, ки барандаи ин ҷом мешавад. Қаблан туриниҳо дар мавсими солҳои 1995, 1997, 2002, 2003, 2012, 2013, 2015 ва 2018 Суперҷоми Италияро ба даст оварда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив