LIVE

Охирин иштирокчиёни даври ½ ниҳоии Ҷоми Африқо-2019 муайян шуданд

Дар қораи Африқо ду бозии боқимондаи даври ¼ ниҳоии Ҷоми Африқо-2019 байни яккачинҳои Кот-д`Ивуар – Алҷазоир ва Мадагаскар – Тунис баргузор шуд. Рақобати тимҳои Кот-д`Ивуар – Алҷазоир бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар силсилазарбаҳои ҷаримавии 11 метра футболбозони алҷазорини бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда, ба даври нимниҳоии мусобиқаи мазкур роҳ ёфтанд. Рақобати дастаҳои Мадагаскар ва Тунис бошад, бо бартарии 3:0 ба суди тими миллии Тунис хотима ёфт. Ҳамин тавр мунтахаби Тунис низ роҳ пеш гирифт сӯи даври ½ ниҳоии Ҷоми Африқо-2019. Акнун дар даври нимниҳоӣ мунтахаби Алҷазоир бо тими Нигерия майдондорӣ мекунад. Тунис бошад, бо дастаи Сенегал вориди майдони рақобат мешавад. Баргузории ҳарду дидор санаи 14-уми июл дар назар аст.
Ҷоми Африқо-2019
Даври 1/4 ниҳоӣ
Кот-д`Ивуар - Алҷазоир - 1:1 в.и. (0:1, 1:0, 0:0). Пеналти - 3:4
Голҳо: Фегули, 20 (0:1). Коҷя, 62 (1:1). 
Пеналти: Бенсебаини - 0:1. Кессйе - 1:1. Слимани - 1:2. М.Корне - 2:2. Э.Делор - 2:3. В.Бони - 2:3 (дарвозабон). Унас - 2:4. Градел - 3:4. Белаили - 3:4 (дарвоза). Дйе - 3:4 (дарвоза). 
Кот-д`Ивуар: Гбоуо, Багайоко, Траоре, Канон (Комара, 54), Кулибали, Дйе, И.Сангаре (Гбамен, 78), Кессйе, Градел, Заа (М.Корне, 94), Коҷя (В.Бони, 96).
Алҷазоир: М`Боли, Манди, Бенсебаини, Атал (Зеффан, 30), Бенламри, Фегули (Э.Делор, 120+1), Гедиура, Маҳрез (Унас, 86), Беннасер, Бунеҷа (Слимани, 78), Белаили.
Мадагаскар – Тунис – 0:3 (0:0)
Голҳо: Сасси, 52 (0:1). Мсакни, 60 (0:2). Слити, 90+3 (0:3).
Мадагаскар: Адриен, Фонтен, Метанир, Момбрис, Илаймааритра (Ракотохарималала, 77), Анисе, Номенжанари (Морел, 66), Амада, Разаканантенайна (Воави, 66), Андриатсима, Андриа.
Тунис: Ассен, Хаддади, Мериа, Бронн, Сасси (Ауади, 83), Скири, Кешрида, Хазри, Мсакни (Слити, 66), Хенисси, Шаалали (Дрэгер, 75).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив