LIVE

“Бубахшед, VAR кор намекунад”

Замоне, ки дар Аврупо аз бозии ниҳоии Лигаи чемпионҳои ин мавсим байни ду дастаи англисӣ натиҷагирӣ мекарданд дар қораи Африқо рақобати финалӣ барои дарёфти ЛЧ-ҳои ин қитъа доир шуд. Рақобати ниҳоӣ дар Африқо аз ду бозӣ-рафт ва баргашт иборат аст. Дар финал дастаи “Эсперанс”-и Тунис бо тими “Видад Касабланка”-и Марокаш рӯ ба рӯ шуд. Дидори аввали дастаҳо дар Марокаш мусовӣ 1:1 хотима ёфт. Дар ҷараёни бозии аввал сардовар Гехад Гриш голи мизбононро ба инобат нагирифт ва бар замми он пеналтӣ таъин накард. Дар чунин VAR-кӯмак накард. Довари мазкур барои чунин хунукназарӣ ва бемасъулиятӣ муддати 6 моҳ аз ҳаққи ҳакамӣ маҳрум шуд. Аммо бозии ҷавобӣ барои бошгоҳи марокашӣ боз ҳам фоҷианоктар буд. Дастаи мизбон “Эсперанс”-и Тунис дар қисми аввал ба пеш баромад. Меҳмонон баъд аз танаффус ҳисобро баробар карданд. Вале ба довари марказ чунин намуд, ки Эл-Кардио голро аз офсайд задааст ва онро ба инобат нагирифт. Ба саҳнаи такрории ҳамин ҳолат агар амиқ бингарем, пас он ҷо ҳолати ғайрибозӣ мушоҳида намешавад.

Аз чунин рафти бозӣ марокашиҳо ба хашм омаданд. Ин бозии дуюм аст, ки довар бо қабули қарори нодурусти худ ба натиҷаи бозӣ таъсир мерасонад. Онҳо ба довари марказ пешниҳод карданд, ки ҳадди аққал ба VAR муроҷиат кунад. Дар ин лаҳза ҳолати аҷибу ғариб рух дод. Маълум шуд, ки VAR кор намекардааст. Бо шунидани ин хабар футболбозону мураббиёни датаи “Ведад Касабланка” ба довар дарафтоданд. Бетартибӣ 1,5 соат давом кард. Ҳатто ба назди тазоҳургарон баромадани роҳбари Конфедератсияи футболи Африқо низ дастаҳоро ором карда натавонист. Баъд аз баҳсу мунозираи тӯлонӣ бо ишораи довар ҷоиза ба тими “Эсперанс” тақдим карда шуд.

Баъдан дар пайи оғози тафтишот маълум шуд, ки низоми VAR ҳанӯз чанд моҳ пеш аз кор мондааст. Тӯли ин муддат онҳо намоишкорона гӯиё VAR кор мекарда бошад, вонамуд мекарданд, ки он фаъол аст. Тафтишот муайян кард, ки ҳангоми интиқоли таҷҳизоти VAR як қисме аз он то ба варзишгоҳ нарасидааст. Ин ҳолат аз камтарин рӯйдодҳоест дар футболи муосир, ки VAR ба ҷойи кӯмак ба он, баракс онро шикаст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив