LIVE

Мунтахаби Миср аз идомаи Ҷоми лигаи миллатҳои Африқо-2019 маҳрум шуд

Дар шаҳри Қаир дар варзишгоҳи «Қаир Интернешнл»-и 70 ҳазор нафара бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми лигаи миллатҳои Африқо-2019 миёни мунтахабҳои Миср ва Африқои Ҷанубӣ баргузор шуд. Набарди тимҳо пуршиддат ва сахту сангин баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба суди тими миллии Африқои Ҷанубӣ хотима ёфт. Ягона голи ин майдондориро дар нафасҳои охир ҳамлавари А.Ҷанубӣ Тембинкоси Лорч ба самар расонида, мунтахабашро ба даври ¼ ниҳоии Ҷоми лигаи миллатҳои Африқо-2019 бурд. Ҳамин тавр Ҷоми лигаи миллатҳои Африқо-2019 барои Муҳаммад Салоҳ ва дастааш хотима ёфт. Акнун Африқои Ҷанубӣ дар даври ¼ ниҳоӣ бо мунтахаби Нигерия рӯ ба рӯ мешавад. Хотиррасон мекунем, ки дастаи Африқои Ҷанубӣ дар ин мусобиқа ҳамагӣ ду гол ба дарвозаи рақибон задаасту ҳоло бошад то даври ¼ ниҳоӣ роҳ ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив