LIVE

Миср Ҷоми Африқоро бо муваффақият оғоз кард

Дар бозии нахустини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Африқо-2019 яккачини Миср бо тими Зимбабве вориди майдони рақобат шуд. Бозии тимҳо пуршиддат баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба суди Миср хотима ёфт. Ягона голи ин дидорро Трезеге муаллифӣ намуд. Ҳамин тавр Миср Ҷоми Африқо-2019-ро бо муваффақият оғоз намуд. Дар айни ҳол мунтахаби Миср бо касби се хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи “А” ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Африқо-2019 аз 21-уми июн оғоз шуда, то 19-уми июл дар кишвари Миср идома мекунад.
Ҷоми Африқо-2019
Гурӯҳи A
Миср - Зимбабве - 1:0 (1:0)
Гол: Трезеге, 41.
Миср: М.Эл-Шенавӣ, Э.Эл-Муҳаммадӣ, Ҳегазӣ, Ашраф, Алаа, Эл-Ненӣ, Саид (Варда, 71), Ҳамид, Трезеге (Умад, 81), Салоҳ, Муҳсин (Салмон, 60).
Зимбабве: Сибанда (Чипезезе, 80), Дариква, Хадебе, Лунга, Мудиму, Каруру, Мусона (Чавапива, 85), Накамба, Биллиат, Мунетси, Мушекви (Русике, 81).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив