LIVE

Тамринҳои мунтахаби кишвар пеш аз бозӣ бо Сурия

Баъд аз бозии даври якуми мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» бар муқобили мунтахаби Ҳиндустон (4:2) тими миллии Тоҷикистон ба тамринҳо шуруъ кард. Дирӯз, 9-уми июл яккачини кишвар тамринҳои пеш аз бозӣ бар зиддӣ мунтахаби Сурияро оғоз намуд. Сармураббии тими мунтахаби кишвар Усмон Тошев ҳамаи футболбозонро ба майдон даъват намуда, муддати якчанд соат ба шогирдонаш тамрин дод. Имрӯз, 10-уми июл мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозиҳои даври дуюми мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» бар зиддӣ мунтахаби Сурия дидор анҷом медиҳад. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «EKA Arena» соати 19:30 бо вақти Душанбе дар назар аст. Мухлисон ва ҳаводорон имкон доранд, ки бозии мазкурро тариқи шабакаҳои ТВ “Варзиш” ва ТВ “Футбол” мустақиман тамошо намоянд.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»
Даври 2-юм
10 июл (чоршанбе)
Оғози бозӣ соати 19:30
ТОҶИКИСТОН – Сурия
Аҳмадобод, варзишгоҳи «EKA Arena»

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив